РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ РАДИОИ САРТОСАРИИ "САДОИ ДУШАНБЕ"

РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ РАДИОИ САРТОСАРИИ "САДОИ ДУШАНБЕ" МУБОРАК!

Радиои «Садои Душанбе» дар миёни шабакаҳои радиоии мамлакат ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб аст. Он 18-уми январи соли 1999 таъсис ёфта, ки имрӯз ҳамрозу ҳамнафасиқ шунавандаи худ аст. Имрӯз аз таъсиси ин шабака 26 сол сипарӣ гардид, аз ин рӯ, рӯзи таъсисёбии Радиои "Садои Душанбе"-ро ба тамоми кормандон ва шунавандагони он табрик намуда, ба аҳли эҷоди шабака муваффақиятҳои тоза ва ба шунавандагони он саодати рӯзгорро таманно менамоем.

Ин радиои писандидаи мардумӣ дар воқеъ тавонист бо нерӯи тавонои зеҳнӣ ва касбияти баланди ҳайати кормандонаш дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа шуҳрату маҳбубиятро соҳиб гардад. Ин минбари озоди розу ниёзи омма, дар ташаккули дунёи маънавии ҷомеаи Тоҷикистон, пешниҳоду ҳалли масойили мубрами ҷомеа, болоравии маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии аҳолии кишвар саҳми калон гузошта тавонист.

Имрӯз низ ҳамин рисолати муқаддасро кормандонаш сарбаландонаву масъулиятшиносона идома медиҳанд.

Бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, сомонаи интернетии шабакаи «Садои Душанбе» (www.sadoidushanbe.tj) фаъолияти хуб дорад.

«Садои Душанбе» ҳамарӯза барномаҳояшро дар бахшҳои иттилоотӣ, фарҳангиву фароғатӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба шунавандаҳо пешкаш менамояд. Ҳайати кормандони онро имрӯз ғолибан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки таҳсилоти олии журналистӣ ва диди ҷадиде ба инъикоси руйдодҳои ҷомеа доранд

Кормандони «Садои Душанбе» кӯшиш мекунанд, ки барномаҳоро бо диди нав, бо назардошти талабот ва дархости мардум таҳия намоянд, тавассути барномаҳои мустақим ба онҳо бештар наздик бошанд, дар ҳалли мушкилиҳои рӯзгор ба онҳо кӯмак расонанд. Ҳамин аст, ки шабакаи «Садои Душанбе» муҳаббати мардумро соҳиб шудаву дар тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат муваффақ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 мувофиқи натиҷагирии Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” дар Тоҷикистон аз миёни 10 шабакаи радиоии давлатӣ ва 22 радиоҳои ғайридавлатӣ шабакаи “Садои Душанбе” мақоми аввалро касб намуда, яке аз сершунавандатарин шабакаи радиоии умумимиллӣ эътироф гардид.

Дар охир, бори дигар рӯзи таъсисёбии радиои "Садои Душанбе" ба кулли кормандон ва шунавандагони ин шабакаи маҳбуб хуҷаста бод!

Tags: