Роҳҳои пешбурди бозори асъори хориҷӣ бо назардошти имкониятҳои Биржаи Москва, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва савдои сомонӣ/рубл миёни Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Игор Марич, узви Раёсати Биржаи Москва муҳокима гардиданд. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод, дар мулоқоти мазкур Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ, нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд. Бонки миллии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро ба таъмини рушди босуботи низоми бонкӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои гуногун ба низоми молиявӣ равона сохтааст.
Ҳамчунин Игор Марич изҳор дошт, ки ҳадафи ҳайати мазкур ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон буда, ба ин васила ҷонибҳо метавонанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Номбурда дар хусуси доир намудани амалиёт тавассути биржа бо истифода аз фишангҳои гуногун ва маҳсулоти дигари ҷолиб маълумот пешниҳод кард.
Инчунин Ҷ. Нурмаҳмадзода зимни вохӯрӣ оид ба пайдо шудани заминаи ҳуқуқӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт» ҷиҳати иштирок дар амалиёти гуногуни бозори байнибонкӣ зикр намуд, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории судманди дуҷониба дар ин самт таҳлил ва омӯзиши дақиқ ҷиҳати манфиатовар будани он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
АМИТ "Ховар"