Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи сеюми Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори суратмаҷлиси ҷаласаи дуюми Комиссия, ҳолати корҳои анҷомдодашуда дар самти таъмини либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаю содиротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба масъалаҳои рўзнома ҳисоботи роҳбарони зеркомиссияҳои соҳавӣ шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳисоботӣ «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тақвияти истеҳсоли зиёда аз 20 номгўйи маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ пешниҳод шудааст.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Комиссия, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.