19 январи соли 2018 дар Ню-Йорк дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба масъалаи Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мулоқоти дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Кайрат Абдурахманов доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи ду давлатро дар чаҳорчӯбаи СММ мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин 19 январи 2018 дар Қароргоҳи Созмони Милал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири Кулл ва Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории марбутаи Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷояро дар самти болозикр мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки моҳи майи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АМИТ "Ховар"