Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин густариш меёбанд

Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону ЧинМуовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҷамшед Саидзода бо мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чен Дайвэня ва корманди масъули ин сафорат Чжао Сунюе 4 апрел мулоқот намуд.

Тавре аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Чин ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Чин, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии  Мардумии Чин имзошуда муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Дар мулоқот аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика,  маориф ва туризм пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Зимни суҳбат доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар эътидоли вазъи сиёсию низомии Афғонистон табодули афкори судманд карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

АМИТ «Ховар»