«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» — таҳти чунин унвон дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Ин ҳамоиши илмӣ ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони асосии он ба ҳисоб меравад. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.
Гавҳар Шарофзода зикр кард, ки «Риояи меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ баҳри ташаккули қудрати воқеии забон бо ҷомеа ва инсонҳои муошираткунанда ва мукотиботу эҷоди онҳо хизмат мекунад ва баргузории чунин як ҳамоиши илмӣ ба пешрафт ва рушди забони давлатӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлоламон натиҷаҳои судманд хоҳад бахшид».
Директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИҶТ Сахидод Раҳматуллозода аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании ин забон ёдовар шуда, иброз намуд, ки «Ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати забони тоҷикиро танҳо дар донистани он ва риояи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мебояд фаҳмид. Зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро дар кишварҳои олам бояд васеъ намуд».
Мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ дар мавзӯъҳои «Ҷаҳонгароӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ», «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна», «Реклама ҳам ҳусни забон аст», «Истиқлолият ва нақши имло дар танзими забони миллӣ», «Имлои ғалат дар насабнависӣ ва ҳуҷҷатнигории он» маърӯзаҳо намуда, вобаста ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва баъзе масоили марбут ба он фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар асоси моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.
АМИТ "Ховар"