РБДА ВКД ҶТ барои танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо амалиёти «Автобус» мегузаронад

 Бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, муътадил гардонидани вазъи садаманокӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳо, ки аз тарафи ронандагони ин гуна воситаҳои нақлиёт содир мешаванд, аз тарафи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 30 сентябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад.
Аз шаҳрвандон ва роҳбарони корхонаю муссисаҳо хоҳиш карда мешавад, ки дар гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.
Телфонҳо барои тамос: 235-45-45, 236-09-08

АМИТ «Ховар»

Tags: