Имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Лолазор ва Лоҳури ноҳияи Данғара мулоқоти Гурӯҳи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо фаъолон ва аҳлиҷомеа доир гардид.
Дар мулоқот инчунин Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидализода ва роҳбарону намояндагони дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор, фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Данғара ширкат намуданд.
Зимни мулоқот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия, ки дар рӯзи содир шудани амали террористӣ ва баъди он ба зарардидагон — сайёҳони хориҷӣ дасти мадад дароз намуда, бо мақомоти ҳифзи тартибот ва қонун ҷиҳати саривақт ошкор намудани омилони ин ҷинояти ваҳшиёна ҳамкорӣ ва мусоидат карданд, изҳори ташаккур намуд. Зикр гардид, ки маҳз бо кумаку дастгирии сокинони ноҳия ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии онҳо дар муддати кӯтоҳ ҳадафҳои шум ва зерипардагии ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзат аз ҷониби мақомоти амниятӣ, ки дар ин куштори ваҳшиёна даст дошт, рӯи об бароварда шуд.
Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидализода ба сокинони алоҳидаи ноҳия, ки дар ин бобат аз ҳама бештар фаъолият нишон додаанд, мукофотҳо тақдим намуд.
Фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Данғара ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки мақсади террористон дар тамоми нуқоти олам тарс додану ба итоат даровардани мардум аст, вале сокинони Данғара, вилояти Хатлон ва саросари Тоҷикистон аз чунин кирдори зишти нохалафон тарс нахоҳанд дошт, минбаъд бештар аз пештар ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум ҷаҳду ҷадал ба кор мебаранд ва ҷашни дарпешистодаи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегиранд.
АМИТ "Ховар"