Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 25 июли соли 2019 дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронидани амалиёти «Муоинаи техникӣ»-ро ба роҳ мондааст. Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатӣба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз гузаронидани амалиёти «Муоинаи техникӣ»- ин пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникии мошинҳо, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва назорати пардохти маблағи андоз аз соҳибони онҳо мебошад.
Аз ин хотир Раёсати БДА аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки дар гузаронидани амалиёти мазкур саҳм гузоранд.
Телефонҳо барои тамос: 235-45-45; 93 111 01 33
АМИТ «Ховар»