Дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт бозиҳои даври дуюми гурӯҳи «А» бо ғалабаи «Равшан» бар «Кӯктош» ва мусовии «Ҳосилот» бо «Хуҷанд» ҷамъбаст гардиданд.
Ба иттилои сомонаи ФФТ дар вохӯрии байни дастаҳои «Равшан» ва «Кӯктош» тақдири бозиро ягона голи задаи Саидхони Амрохон дар дақиқаи 39 ум ба фоидаи «Равшан» ҳал намуд.
Дастаҳои «Ҳосилот» ва «Хуҷанд» бо нишондоди 1:1 бозиашонро мусовӣ ҷамъбаст карданд. Голҳоро Наврӯз Рустамов (21, «Ҳосилот») ва Манучеҳр Ахмедов (85, «Хуҷанд») ба нишон расониданд.
Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки 21 феврал дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар доираи бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаи «Дордой» бозии аввали худро барпо мекунад, дуюмин натиҷаи мусовиро дар бозиҳои Ҷоми ФФТ ба даст овард. «Ҳосилот» дар даври аввал низ бозиро бо «Равшан» (1:1) мусовӣ карда буд.
Бозиҳои охирин дар гурӯҳи «А» 17 феврал бо рақобати «Ҳосилот» — «Кӯктош» ва «Равшан» — Хуҷанд» ба охир мерасанд.
Имрӯз вохӯриҳои даври дуюми Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «Б» гузаронида мешаванд. «Регар-ТадАЗ» бо «Ҳулбук» (14:30) ва «Истиқлол» бо «Ашт» (17:00) қувва месанҷанд.