Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид, ки дар он Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 ва 19 январи соли 2018 марбут ба тағйироти кадрӣ тасдиқ гардиданд.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода тавзеҳ дод.
Ҳамин тариқ бо қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбониён Абдусалом Карим, аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодозии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҷаббой Аҳмадзода, бинобар ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш тасдиқ гардиданд.
Ҳамзамон аъзои палатаи болоӣ ва вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 19 январи соли 2018 дар бораи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, дар бораи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ва дар бораи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ҳакимзода Қурбонро тасдиқ намуданд.
АМИТ "Ховар"