ТВТ. 02.06.2022. Наздики 2000 нафар намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июн дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе доир мегардад, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иттилоъ медиҳад.
Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва дигар шарикон ташкил гардида, занҷираи марказии Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об, ки 22-23-марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, маҳсуб мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»