ТВТ.19.08.2022. Дар Душанбе вохӯрии Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Раиси Суди Олии Қирғизистон Замирбек Базарбеков, ки дар ҷаласаи 17-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок дорад, баргузор гардид. Ҷаласа дар пойтахти Тоҷикистон мегузарад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва бародарона ба вуҷуд омадаанд, ки заминаи мустаҳками таърихию фарҳангӣ доранд. Ҳамкории ду кишвар дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва биисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай инкишоф меёбад.
Тарафҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, бахусус дар таҳия ва татбиқи ташаббусҳои муштарак оид ба такмили низоми судии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба Раиси Суди Олии Қирғизистон Замирбек Базарбеков Шермуҳаммад Шоҳиёнро барои иштирок дар конфронси байналмилалии «Мустақилияти ҳокимияти судӣ дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ», ки 16 сентябри соли 2022 дар Бишкек баргузор мегардад, даъват намуд.
Шермуҳаммад Шоҳиён ба Замирбек Базарбеков барои ширкаташ дар ҷаласаи 17-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай миннатдорӣ баён намуда, гуфт, ки барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории дуҷониба омода аст.
Ҷонибҳо инчунин дастовард, афзалият ва таҷрибаи низоми судии ду кишварро баррасӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»