Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани тендер ду қарор ба имзо расонид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарорҳои мазкур комиссияҳои тендерӣ таъсис дода шуда, онҳо вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти «Сохтмони корпуси нав барои 640 ҷой ва ободонии ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе», ҳамчунин интихоби лоиҳакаши иншооти «Равшанидиҳии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти мазкурро таҳия намуда, барои гузаронидани тендер омода намоянд.
Комиссияҳои тендерӣ ҳамчунин вазифадор гардидаанд, ки эълони баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерҳоро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин созанд.
АМИТ «Ховар»