Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шоҳид: «Президенти Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба обро дар сатҳи байналмилалӣ пеш мебаранд»

ТВТ.27.08.2022. Созмони Милали Муттаҳид саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амалисозии принсипҳои Оинномаи СММ ва пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунад. Ин нуктаро  26 август дар Душанбе пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шоҳид иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар доираи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан бахшҳои 6 ва 13 дастовардҳои бузургро ба даст овардааст.

«Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба об кишвари пешсаф буда, чанде қабл дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, ки ташабускори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд», — тазаккур дод Абдулло Шоҳид.

Ба зикри Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ, Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сарчашмаи об мебошад.

«Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии худ масъалаҳои марбут ба обро дар сатҳи байналмилалӣ пеш мебаранд»,- таъкид намуд ӯ.

Абдулло Шоҳид зикр кард, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ баррасӣ шуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: