Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд

19 октябр дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. Меҳмононро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, меҳмононро директори осорхона Абдувалӣ Шарифзода ва Прокурори шаҳри Душанбе Хайрулло Сайидзода ба Осорхона хайрамақдам гуфтанд. Аз ҷониби мутахассисони ҷавони Осорхона бо меҳмонон ба забони арабӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Онҳо сараввал аз харитаи релефии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, сипас бо толорҳои экспозитсияи шуъбаҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки диққати меҳмононро бештар бозёфтҳои шаҳраки Панҷакенти бостонӣ, деворнигораҳои Панҷакент, намунаи либоспӯшии занону мардони он давра, китобу дастхатҳои нодир, маъбади Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Меҳроби Искодар ва толори туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд. Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро  қайд намуд.