«Парчами давлатӣ-рамзи ифтихори миллӣ»- барномаҳои оммавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хуҷанд

Дар маркази вилояти  Суғд- шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайяни ташкилӣ ҷараён доранд.  Аз ҷумла, дар ин рӯз дар қаламрави шаҳр барномаҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ доир мегарданд.

Тавре масъулини бахши идеологияи мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд,  дар доираи ҳафтаи таҷлили  Рӯзи Парчам дар ҳамаи муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, хосатан мактабҳои олӣ,  санъат ва касбию техникӣ, қисмҳои ҳарбӣ бо мақсади эҳтиром  ва қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ   барномаҳои мухталиф, суҳбату вохӯриҳо ва конфронсҳои илмию назариявӣ  таҳти унвони «Парчами давлатӣ-рамзи ифтихори миллӣ»  ҷараён доранд.

Ҳамчунин гузаронидани Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи  «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ-эҳтироми миллат аст» дар кумитаи маҳаллаҳо, ташкилоту идораҳо, баргузории озмуни «Иншои беҳтарин»  дар мавзуи «Парчам-рамзи давлатдории миллист» пешбинӣ гардида, барои насб кардани парчам ва шиору   овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру   биноҳои маъмурӣ ва тадбирҳои идона дар маркази шаҳр бо иштироки фаъолон, сокинону меҳмонон ва неруи созандаи кишвар – ҷавонон корҳои амалӣ ба анҷом расида истодаанд.

АМИТ "Ховар"