Прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Ҷумҳурии Беларус Александр Конюк барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019-ро бо нишон додани тадбирҳои мушаххаси муштарак ба имзо расониданд.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар додааст, ки ин барномаи ҳамкорӣ дар шаҳри Минск, 24 ноябри соли 2017 зимни вохӯрии кории ҳарду ҷониб ба тасвиб расидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкории ҳуқуқӣ, масоили ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ, таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мубодилаи таҷриба зимни амалисозии корҳои соҳавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АМИТ "Ховар"