Имрӯз, 17 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, боридани барфу борон ва вазиши сахти бод дар назар аст.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар дошта шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 4-1 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз сокинони пойтахтро боридани барфи деринтизор хушҳол мекунад. Ҳарорат шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
АМИТ "Ховар"