Барои табобати ноболиғ Осия Зулфонова, ки 19 июни соли равон бо ҷароҳатҳои вазнини аз сӯхтор бардошта дар шуъбаи бемориҳои сӯхтаи беморхонаи № 3 шаҳри Душанбе бистарӣ гашта буд, аз Ҷумҳурии Федеративии Германия профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия) ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ташриф овард.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Эдгар Бимер таърихи бемории З.Осияро пешакӣ омӯхта, бо худ тамоми дорувории заруриро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.
Номбурда изҳор дошт, ки дар якҷоягӣ бо табибони тоҷик муолиҷаро давом дода, барои ҳарчи тезтар барқарор намудани саломатии номбурда тамоми кӯшишу ғайратро ба кор мебарад.
Ҳамзамон профессор Эдгар Бимер изҳори омодагӣ кард, ки дар муоина ва табобати дигар беморони вазнини хурдсоли ин беморхона, ки ин шабу рӯз ба бемориҳои гуногуни сӯхтани бадан гирифторанд, саҳм хоҳад гузошт.
Бояд зикр намуд, ки ин қазия зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
АМИТ «Ховар»