Ҳадафи мо аз эълон намудани озмуни ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» «тагурӯ» намудани таърих нест, балки мехоҳем мардумамон бо суннату анъанаҳои деринаи аҷдодӣ, расму ойинҳои ғановатманди миллӣ ва гузаштаи пурифтихори худ бештар ва беҳтар шинос шаванд, решаҳои худро донанду шиносанд ва барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш масъул ва саҳмгузор бошанд. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябр зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара.
Ба ибрози Сарвари давлат, дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзун пайдо намудани рақобату мухолифатҳо танҳо ҷомеа ва давлатҳое ҳастии худро ҳифз намуда, пеш рафта метавонанд, ки дорои низоми пешрафтаи илму маориф ва шаҳрвандони соҳибмаърифату донишманд бошанд.
«Мо озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»-ро ба хотири он эълон намудем, ки ҷавонону наврасон ва дар маҷмуъ шаҳрвандонамон дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёбанд»,-таъкид доштанд Пешвои миллат.
Бо дарки ин гуфтаҳо имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки ҷиҳати муаррифии таърихи беш аз шашҳазорсола ва арзишҳои асили миллати тоҷик шароити боз ҳам мусоид фароҳам оварда шавад.