«Ӯзбеккино» ва «Союзмултфилм» азми наворгирии «Саргузашти Хоҷа Насриддин» доранд

«Ӯзбеккино» ва «Союзмултфилм» тасмим гирифтаанд, ки  дар якҷоягӣ  силсилафилми аниматсионии «Саргузашти Хоҷа Насриддин»-ро ба навор гиранд. Дар ин бора аз Агентии миллии итттилоотии «УзА» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳангоми сафари худ ба Москва аъзои ҳайати Агентии Миллии “Ӯзбеккино” аз корхонаи воҳиди федералии давлатии “Союзмултфилм” дидан намуд.

Ҷонибҳо санади  ҳамкории муштарак  ба имзо расониданд. «Ӯзбеккино» ва «Союзмултфилм» ба мувофиқа расиданд, ки дар якҷоягӣ силсилафилми аниматсиониро дар бораи Хоҷа Насриддин эҷод кунанд.“Имрӯз ба рушди санъати миллии аниматсионӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад,- мегӯяд директори генералии Агентии миллии «Ӯзбеккино» Ф. Абдухолиқов. — Мо бояд шумораи филмҳои аниматсионии миллиро, ки диққати тамошобини ҷавонро ҷалб мекунанд, зиёд намоем. Ба наздикӣ мо барои сохтани симои ҳунарҳои карикатураи миллӣ озмун эълон карда будем. Мо боварӣ дорем, ки имрӯз ҳамкорӣ бо “Союзмултфилм” самараи хуб хоҳад дод. Аз ҷумла, умедворем, ки тасвири нави слсилафилми аниматсионии Хоҷа Насриддин аз ҷониби тамошобинон гарм пазироӣ хоҳад шуд”.Намояндагони киностудияи «Союзмултфилм» ҳавасмандии худро  барои ҳамкорӣ нишон доданд.»Мо 20 соли охир интизори ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон будем. Ва бе мамониат идеяи сохтани силсилафилмро дар бораи Хоҷа Насриддин дастгирӣ мекунем»,- гуфт директори генералии киностудияи «Союзмултфилм» Борис Машковсев.

АМИТ «Ховар»

Tags: