Дар Душанбе «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор мегардад

Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сентябри соли 2019, соати 18:00, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор мегардад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Фестивали байналмилалӣ дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии хориҷии муқими Душанбе ва доираи санъаткорону ҳунармандони як зумра кишварҳои хориҷӣ рақсу суруди миллии хешро манзур менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории фестивал – шинос намудани меҳмонони дохилию хориҷӣ бо фарҳангу маданияти миллии кишварҳо ва вусъати муносибатҳои дўстона миёни кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, инчунин ривоҷу равнақ бахшидан ба ҳамкории судманд миёни давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: