17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баъди бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ доир карданд.
Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур ҳанӯз 19 июни соли 2017 аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шуд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур тибқи лоиҳа дар масоҳати 0,68 га бунёд шуда, аз 4 бинои ҷудогона иборат мебошад. Мактаб 4-ошёна буда, аз 51 синфхона, аз ҷумла 38 синфхонаи таълимӣ, 2 синфхонаи лабораторӣ, 1 синфхонаи компютерӣ бо 70 адад компютер ва 10 адад принтер, 5 синфхонаи фаннии физика, кимиё, ҷуғрофия, алгебра ва омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарону писарон, синфхонаҳои лингафонӣ, мусиқӣ, расмкашӣ, озмоишгоҳ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона барои 180 ҷой ва китобхона, толори хониши китоб бо 70 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо 10 адад компютери ба интернет пайваст ва 10 ҳазор китобҳои бадеию таълимӣ иборат мебошад.
Мактаби замонавӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” Ҳурматулло Зайдов тариқи эҳсонкорӣ сохта шудааст.
Дар таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида барои фанҳои биология, химия, омодагии дифои ҳарбӣ ва геометрия ташкил карда шудаанд. Ҳамчунин дар мактаб утоқҳои алоҳидаи озмоишгоҳ бунёд ёфта, барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун бо асбобу аёнияти дарсӣ таъмин гардидааст.
Ҳамчунин дар мактаб ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ барои созмони хонандагон ва падару модарон мавҷуд аст. Волидон дар ҳуҷраи махсус, ки монитор насб гардидааст, метавонанд бе ворид сохтани халал ба ҷараёни дарс иштироки фарзандонро дар машғулиятҳо назорат намоянд. Бояд гуфт, ки ҳамкории мактаб бо оила дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” хуб ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 ба ҳунаромӯзии толибилмон таваҷҷуҳи хосса дода шуда, утоқҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона, ки бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъминанд, кушода шудаанд. Дар ин ҷо толибилмон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Ҳамчунин барои дӯстдорони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонида мешаванд, ташкил гардидааст.
Барои аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин гардидаанд.
Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону толибилмон дар иншооти мазкур ҳуҷраи равоншинос ва нуқтаи алоҳидаи тиббӣ бунёд ёфта, он бо ҷиҳози зарурии кумаки аввалияи тиббӣ таъмин шудааст.
Дар баробари корҳои сохтмонӣ дар атрофи иншоот гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, дар роҳравҳо нишастгоҳҳо гузошта шудаанд.
Ба хотири оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ бунёд ёфтааст, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва тарбияи бадан пешбинӣ гардидааст.
Баъди бунёди мактаб дар ин ҷо 40 нафар омӯзгорон бо кор таъмин шуданд.
Мавриди зикр аст, ки фарзандони сокинони 7 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур аз сабаби набудани мактаб таҳсилро дар дигар муассисаҳои таълимӣ идома медоданд. Акнун баъди аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шудани ин даргоҳи маърифат мушкилоти сокинон ҳал гардид.
Аснои шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдомҳои соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ба донишандӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Пас аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои мактаб бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, хонандагону омӯзгоронро ба муносибати оғози соли нави хониш ва ифтитоҳи иншооти муосири илмомӯзӣ табрику таҳният гуфтанд.
Маросими ба истифода додани мактаби нав ва мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш бо иштироки Пешвои миллат мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ пахш гардид.
Зимни суханронӣ дар Рӯзи аввали соли хониши 2020-2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири пандемияи короновирус, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии паҳншавии ин бемории нави сироятӣ, иқдомҳои созандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмини ҷойҳои нишаст барои хонандагон ва вазифаҳои оянда дар назди маорифчиён ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим, дар кишвар бунёди даҳҳо муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома дорад ва то таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми бештари онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи кишвар бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар мамлакат талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевосита гузоранд.
Бинобар ин Пешвои миллат устодону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки якҷо бо падару модарон насли наврасро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.
Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар давлату миллат буда, бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустақим дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «мо солҳои 2020 — 2040-ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор намудем, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд».
Ба андешаи Сарвари давлат, шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то имрӯз садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.
Дар замони истиқлоли давлатӣ шаклҳои нави муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардида, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби Президентӣ бо фарогирии қариб 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор шогирд таъсис дода шуд.
Айни ҳол шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мамлакат ба 75 ва шумораи шогирдони онҳо қариб ба 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз онҳо 32 муассиса дар замони истиқлол ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 40 расидаанд, ки ҳоло дар онҳо беш аз 227 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, шумораи хатмкунандагони замони истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд.
Ҳоло пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ рӯз ба рӯз пурқувват шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот пурра ворид гардидаанд. Ҳамаи ин иқдомот, дар маҷмӯъ, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонида истодааст.
Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 102 дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии роҳбарияти пойтахти мамлакат арзёбӣ карда шуд.
Ин муассиса бо тарҳи муосиру бисёр зебо ва санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар он тамоми имкониятҳои зарурӣ ва шароити беҳтарини таълим фароҳам оварда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба соҳибкори ватанӣ Ҳурматулло Зайдов — роҳбари Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” барои ташаббуси ибратбахш изҳори сипос карда, ба кори сохтмончиён баҳри бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ, ки ба омӯзгорону хонандагони пойтахт пешниҳод сохтанд, баҳои баланд доданд.
Имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, дар деҳоти дурдаст босуръат идома дорад.
Аз 1332 мактабу муассисаҳои томактабии ба нақша гирифташуда то моҳи августи соли 2020-ум 367 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 кӯдакистон ба истифода супорида шудааст, ки аз ин шумора 135 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 21 кӯдакистон аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯсти кишвар бунёд гардидааст.
Дар кишвар танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 муассисаи томактабӣ ва 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода супорида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва онҳое, ки ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, барои фарзандон, яъне насли ояндасоз иншооти замонавии таълимӣ бунёд мекунанд, изҳори сипос карданд.
Зимни суханронии пурмуҳтаво Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, мутобиқ кардани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, ба талаботи замон мутобиқ кардани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ, беҳдошти ҳолати тамоми муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷет андешаронӣ карда, барои ҳалли мушкилот дар ин самт ба Ҳукумати кишвар, масъулини вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омӯзгорону хонандагон, наврасону ҷавонон, донишҷӯён ва тамоми сокинони мамлакатро бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва барору комёбӣ орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми ташаббусҳову иқдомоти созанда ҷиҳати рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои замонавии таълимӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва таъмини шароити созгори илму ҳунаромӯзӣ изҳори сипос карданд.
АМИТ «Ховар»