8 феврал сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Дар ин шаҳри саноатӣ нахуст бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ — бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки имрӯзҳо дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, истеҳсол карда мешавад.
Истеҳсоли мехҳои печон тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудаанд, сурат мегирад.
Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон, аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазир аст.
Тибқи маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҷумҳурӣ талабот ба мехи печон дар як сол 8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Корхонае, ки имрӯз ба истифода дода шуд, метавонад талаботи вилояти Суғдро пурра бо мехи печон таъмин намояд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот таъкид гардид, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин шуда, дар оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ боз 50 нафари дигар соҳиби шуғли доимӣ мегарданд. Яъне шумораи коргарон дар ин корхонаи саноатии шаҳри Бӯстон ба 100 нафар расонида мешавад.
Барои истеҳсоли мехҳои печон ашёи хом асосан аз Федератсияи Русия ворид кард мешавад.
Мехҳои печони корхона аслан барои насби шифер, гачкартон, сохтани мебел ва дар маҷмуъ ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, муҳлати истифодаашон тӯлонӣ аст ва дар ҳамин замина аз ҷониби истеҳсолкунандагон ба сифати маҳсулот пурра кафолат дода мешавад.
Дар вақти истеҳсоли маҳсулот ҳаҷми ками партов ба вуҷуд меояд, ки он ҳам дар корхонаҳои оҳангудозӣ дубора мавриди коркард қарор мегирад.
Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки истеҳсоли мехҳои печонро мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст. Соли 2019 корхонаи якумро ҳам соҳибкорони шаҳри Бӯстон ба кор дароварда буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
АМИТ «Ховар»