Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Ҷасур» ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастранҷи аҳли заҳмат ва ҳунармандони ноҳия ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод соли равон бо истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бахусус маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 30 ҳазору 896 гектар кишт гузарониданд, ки 7070 гектари онро ғалла, 274 гектарро картошка, 469 гектарро сабзавот ва 1361 гектари дигарро полезиҳо дар бар мегирад.
Дар ноҳия ба парвариши тарбузу харбуза, зардолу, картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷӯҳ бештар буда, ҳамасола заҳматкашони ноҳия ҷиҳати амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имконот истифода мебаранд. Дар намоишгоҳ зиёда 30 навъи маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, ғалладонагӣ, полезӣ ва маҳсулотӣ нонӣ ба маъраз гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар як порча замин ва гирифтани ду — се ҳосил, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза тавсияҳои муфид доданд.
Дар ноҳияи Зафаробод ба рушд ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад ва эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия заминаҳоро дар ин самт боз ҳам устувор кардааст.
Дар гушаи намоишгоҳ ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кашидадӯзӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ ва хӯрокҳои миллӣ муариффӣ карда шуд.
Сарвари давлат ба ҳунари волои кадбонугии занону бонувони Зафаробод ва саҳми арзандаи онҳо дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таҳсин хонданд.
Ҳунармандони ноҳия дар доираи дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, то дар омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла нонпазӣ ва омода кардани хӯрокҳои миллӣ ба ҷавондухтарон саҳмгузор бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои хочагии ёрирасони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Ҷасур» ба чиниши пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз бахшиданд.
Тибқи иттилоъ дар тавозуни хоҷагии ёрирасони «Ҷасур» 10 гектар замин мавҷуд мебошад.
Соли равон дар заминҳои хоҷагӣ пурра кишти пахтаи навъи «Хуҷанд -67»-ро ба роҳ мондаанд, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошад ва бо анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ ҳосили фаровонро интизоранд.
Риояи дурусти талаботи агротехникӣ, хоса истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо ва анҷоми саривақтии дигар корҳои барои нашъунамои хуби зироат, фаровонии ҳосили майдони пахтазорро дар хоҷагӣ таъмин намудааст.
Хоҷагии ёрирасони «Ҷасур» соли 2015 ташкил шуда, 20 нафар саҳмдор дорад.
Дар мавсими кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ бошад, шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ ба корҳои саҳроӣ дар заминҳои хоҷагӣ ҷалб карда мешаванд.
Ноҳияи Зафаробод яке аз калонтарин ноҳияи пахтакор дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, соли равон дар масоҳати 14 ҳазору 382 гектар кишти пахта ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хоҷагии ёрирасони «Ҷасур»-ро дар самти кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки анҷоми корҳои назаррас, аз ҷумла истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил дар як сол метавонад ба амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ва ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидати фаъол намояд.
АМИТ «Ховар»