Дар деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон то соли нави таҳсил бинои нави замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Бинои муассисаи мазкур дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бо усули ҳашарчигӣ сохта шуда, бар асари боронгариҳо соли гузашта бомаш фурӯ рафт. Маъмурияти муасисисаи таълимӣ маҷбур шуд, ки як гурӯҳи хонандагонро ба хонаи хусусӣ ва гурӯҳи дигарро ба мактаби деҳаи ҳамсоя кӯч диҳад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бошад ба сохтмони бинои нав шурӯъ кард. Арзиши харҷномавии бинои нави ин муассисаи таълимӣ 4 миллион сомониро ташкил дода, бунёди онро Ҷамияти масъулияташ маҳдуди «Инвестрой» бар уҳда дорад.
Муҳандиси сохтмони мазкур Мамадсаид Сулаймоншоев гуфт, ки бинои таълимгоҳ аз 9 синфхона, толори маҷлис, утоқи омӯзгорон иборат буда, барои таҳсили 225 хонанда пешбинӣ шудааст.
Ба сабаби кам будани синфхона то ҳол хонандагони синфҳои болоии ин деҳа дар мактаби деҳаи ҳамсоя, ки дар масофаи 15 километр дур аст, таҳсил менамуданд. Баъди ба истифода додани бинои мазкур он ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил меёбад.
Муҳандиси сохтмон гуфт, ки деҳаи Оқмамади ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, зимистонаш хеле сарду сербориш ва тулонӣ аст. Бинобар ин дар фасли зимистон бинои таълимгоҳро бо се тарз, яъне бо неруи барқ, сӯзишвории сахту моеъ гарм кардан мумкин аст. Ин таҷрибаро минбаъд дар дигар манотиқи кӯҳистонии кишвар истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.
Назар ба иттилои Раёсати рушди иқтисод ва савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, соли равон бунёди 192 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, 34 ададашон дар ноҳияи Шуғнон сохта мешаванд. Барои дар амал татбиқ намудани ин нақша аз буҷаи Ҳукумати ҷумҳурӣ 55 миллиону 840 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
АМИТ «Ховар