Дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Дашти Луч бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард.
Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин минтақа аз дарёчаи Хост-роғ обёрӣ гардида, дарозии канали сохташаванда 17,5 километрро дар бар мегирад. Тибқи лоиҳа канали худҷореъ асосан аз минтақаҳои душворгузар, талу теппаҳо мегузарад ва бунёди он имконият медиҳад, ки 315 гектар замини дигар дар ноҳияи Дарвоз обёрӣ карда шавад. Аз рӯи маълумоти мутахассисон, дар ин замина 247 гектар заминҳои корам, 68 гектар замини боғот бо оби полезӣ таъмин гашта, ҳамчунин 17 гектар замини наздиҳавлигӣ обёрӣ карда мешавад. Дар ин баробар бо амалӣ гаштани тарҳи мазкур 105 гектар замини бекорхобида низ ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.
Дар асоси лоиҳаи мазкур ҳамчунин оби полезӣ то ба деҳаи Дашти Луч низ расонида мешавад, ки ин иқдом, бешубҳа, ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ мусоидат хоҳад кард.
Иншооти обрасонӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва технологияи муосир бунёд гардида, аз сарбанди обгирӣ, иншооти селгузар, қубурҳои зерироҳӣ, дарвозаҳои танзимкунанда ва минтақаи сусткунии фишори об иборат хоҳад буд.
Иттилоъ дода шуд, ки хок ва обу ҳавои минтақаи мазкур барои рушди соҳаи кишоварзиву парвариши ғалладонагӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ мусоид буда, пас аз амалишавии ин тарҳ дар ноҳияи Дарвоз имконият барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мевагӣ бештар хоҳад шуд. Бояд зикр кард, ки бо истифода аз имконоти табиии минтақаи мазкур аллакай дар ҳудуди мавзеи Дашти Луч чанд боғи нав бо усули обёрии қатрагӣ бунёд гардидааст, ки қисмати он дар ҳоли нашъунамо қарор дошта, дарахтони боқимондаи майдони боғот ба ҳосил даромадааст.
Сохтмони канали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида оғоз ёфта, ҳамчунин барои амалишавии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ин иқдоми муҳим барои аҳли башар аст, мусоидат хоҳад кард.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда, ин лоиҳаро сари вақт ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонанд.
АМИТ «Ховар»