17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаи бунёди Мактаби махсуси зеҳнӣ аз наздик шинос шуда, ба корҳои сохтмони ин иншооти соҳаи маориф оғоз бахшиданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти бунёдшаванда барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Дар ҳудуди иншоот бинои таълимӣ, хонаи истиқоматии 5-ошёна барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра, бинои 5-ошёнаи хобгоҳ барои хонандагон бо 300 ҷойи хоб, майдони варзишӣ ва биноҳои техникию ёрирасон ҷойгир карда шудаанд.
Бо мақсади ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо намудани раванди таълим он ба 8 қисм тақсим гардидааст.
Қисми байнимеҳварӣ 3-ошёна буда, ба он аз ду паҳлу ду қисмати канории 4-ошёна пайваст мебошанд. Дар онҳо синфхона ва озмоишгоҳҳо ҷойгир карда шудаанд. Ба қисми байнӣ галереяи дусатҳа ва 2 қисми дуошёна пайваст буда, яке дорои синфхонаҳои маҳфилӣ, толорҳои хореографӣ ва гимнастика мебошад.
Бино дорои китобхонаҳои маъмулию электронӣ, толори маҷлис барои 500 нафар, толорҳои варзиш ва ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон- ҳар кадом дорои 300 курсӣ ва андозаҳои 36 метр дарозӣ ва 22 метр паҳноӣ мебошанд. Дар таҳхонаи толори варзиш ошхона барои 250 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Дар мактаб ҳамагӣ 36 синфхона, аз ҷумла амсиласозӣ (макетсозӣ), технологияи нав ва роботсозӣ, 9 озмоишгоҳи фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқ, толорҳои гимнастикаю хореография ва дастовардҳои хонандагон, толорҳои варзишу ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон, студияи телевизиону назорати видеоӣ муҳайё карда хоҳад шуд.
Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи Мактаби махсуси зеҳнӣ, ки тарҳи хоса дорад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки иншооти мазкур барои дар оянда тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ аҳамияти баланд дорад ва он тавре бояд сохта шавад, ки солиёни дароз ба мардум хизмат намояд.
Иншооти мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2021 бо ҷалби беш аз 100 нафар кормандону мутахассисони ватанӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд мегардад.
АМИТ «Ховар»