Вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа имрӯз зимни мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Бридҷит Уокер баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.
Зимни мулоқот директори Агентӣ оид ба вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ин самт ба Бридҷит Уокер маълумот дод.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа, интиқол ва қочоқи онро тавассути сарҳади давлатӣ, дастгирии молиявӣ ва моддӣ-техникии Ҳукумати ИМА-ро ба Агентӣ ва ҳамчунин таъсиси шуъбаҳои нави байниноҳиявии Агентиро дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи мулоқот Ҳабибулло Воҳидзода аз сатҳи хуби ҳамкории судманд дар самти назорати маводи нашъаовар, бахусус баррасии маблағгузории такмили ихтисоси кормандони Агентӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқот Бридҷит Уокер аз фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ-тактикӣ дидан намуда, дар сӯзонидан ва нобуд кардани маводи нашъаовар иштирок намуд.
АМИТ «Ховар»