Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Саховат» ва намоиши маҳсулоти кишоварзони шаҳри Ваҳдат боздид намуданд

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо нашъунамои зироати такрорию ҷамъоварии ҳосили пиёз дар Хоҷагии деҳқонии «Саховат» шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи ҷангалпарварони шаҳр дидан намуданд.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии «Саховат» иттилоъ дода шуд, ки дар кишти такрорӣ аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дар майдони 4 гектар мош, 1 гектар карам ва 2 гектар макка барои дон кишт кардаанд.

Хоҷагии деҳқонии «Саховат»-и шаҳри Ваҳдат соли 2002 таъсис ёфта, дар маҷмӯъ дорои 57 гектар замин мебошад.

Аснои шиносоии Сарвари давлат бо ҷараёни нашъунамои зироати такрорӣ дар ин хоҷагӣ иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзон дар майдони 22 гектар гандум ва 6 гектар пиёз кишту парвариш карда буданд, ки 52- сентнерӣ ғалла ва 480-сентнерӣ пиёз ба даст оварданд.

Заҳматкашони Хоҷагии деҳқонии «Саховат» ҳамчунин дар кишту парвариши зироати техникӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, соли равон майдони пахтазор дар ин хоҷагӣ 25 гектарро дар бар мегирад, ки феълан нашъунамои хуб дорад.

Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ ҳамасола бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин кишту парвариши зироати гуногунро бо истифода аз тухмиҳои баландсифат ва маслиҳати мутахассисони соҳа ба роҳ монда, ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Зикр гардид, ки дар хоҷагӣ 27 нафар бо кори доимӣ таъмин буда, ин нишондод дар ҷараёни кишту парвариши зироати мавсимӣ то ба 45 нафар расонида мешавад.

Кишоварзони Хоҷагии деҳқонии «Саховат» соли 2018 дар майдони 30 гектар пахта, 5 гектар пиёз, 2 гектар картошка, 20 гектар гандум ва 4 гектар юнучқа барои чорво баҳри киштгардон кишт намуда буданд, ки аз ин ҳисоб низ ҳосили хуб гирифтанд.

Сарвари давлат зимни боздид аз ин хоҷагӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар намоишгоҳи кишоварзӣ натиҷаи меҳнати сокинон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷангалпарварони шаҳри Ваҳдат ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.

Ҳангоми боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ таъкид гардид, ки таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон буда, дар ин самт кишоварзони шаҳри Ваҳдат низ саҳми назаррас мегузоранд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони шаҳри Ваҳдат намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лубиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабуи ошӣ, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу ва шафтолуро ба маъраз гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар майдони 5067 гектар ғалладонаю лубиёгиҳо, 777 гектар ҷуворимакка барои дон, 1003 гектар картошка, 3061 гектар сабзавот, 1950 гектар зироати хӯроки чорво ва дигар полезиҳоро кишт намудаанд. Ба ҳолати 1 июл дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 188 миллиону 848 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 171 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиши он 6,9 фоизро ташкил медиҳад.

Шаҳри Ваҳдат бо меваҳои шаҳдбораш имрӯз на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар хориҷ ҳам машҳур мебошад.

Феълан дар шаҳри Ваҳдат майдони боғу токзор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 6 ҳазору 304 гектарро дар бар мегирад ва аҳли заҳмат бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» тадбирҳо меандешанд.

Кишоварзони шаҳр таъкид медоранд, ки соли равон бо мусоид омадани обу ҳаво ҳосили сабзавоту меваҷот нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд буда, тавонистаанд дар таъмини бозори дохилӣ саҳми назаррас дошта бошанд.

Ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳи хосса дода шуда, гулу гиёҳҳои шифобахш ва майдони васеи ҷангалзор барои пешрафти ин соҳа имрӯз дар шаҳр мусоидати фаъол кардаанд.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомадӣ Раҳмон аз дастранҷи занбӯрпарварон зикр гардид, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал феълан дар шаҳр ба 15 ҳазору 171 адад мерасад.

Занбӯриасалпарварони шаҳр соли гузашта 248 тонна асали хушсифат ба даст оварда, соли равон умед доранд, ки аз ин ҳам бештар ҳосил мегиранд.

Дар гӯшаи намоиши дастовардҳои ҷангалпарварони шаҳри Ваҳдат ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари хушкмеваю меваҳои тару тоза ва дигар растаниҳои дар ҷангалзори ин минтақа парваришёфта ҳамзамон адабиёти гуногун, ки дар онҳо асрори гиёҳҳои шифобахши ватанӣ гирдоварӣ гардидааст, пешниҳод карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷангалзори ҳудуди шаҳри Ваҳдат зиёда аз 40 навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд ва ҷангалпарварон танҳо соли гузашта 40 тонна маҳсулот ба даст оварданд.

Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат асосан дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш карда мешавад ва маҳсулоти занбӯри асали ин минтақа бо тамъу маззаи хосаш аз асалҳои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар тафовут дорад. Ҳамин аст, ки талабгорони асали шаҳри Ваҳдат ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ хеле зиёд мебошанд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ зиёда аз 20 намуди ниҳол, ки дар КВД «Ниҳолпарвар»-и назди Агентии Хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат парвариш меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.

Зикр шуд, ки дар КВД «Ниҳолпарвар»-и назди Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан 450 ҳазор дона ниҳол парвариш меёбанд ва масъулин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол аст, ки парвариши баъзе намуди ниҳолони воридотиро ба роҳ мондаанд, ки барои сабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат нигаронида шудаанд.

Дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин 11 хоҷагии инфиродии ниҳолпарвар фаъолият доранд, ки ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ дар таъмини сокинон бо ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда саҳми назаррас мегузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз гӯшаи ниҳолпарварони шаҳр барои дар оянда низ истифода намудан аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар дар ин самт, таъмини сокинон бо ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар ин намоишгоҳ бо ҳунари волои занону бонувон, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои арзанда доданд.

Сарвари давлат кадбонуҳоро барои омӯзиши нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои омода намудани ҳама гуна таомҳои миллӣ ҳидоят намуданд.

Пешвои миллат аз пешрафти бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва талошҳои рӯзафзуни аҳли заҳмат изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамари меҳнаткашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзии мамлакат табдил ёфта, саҳми хоҷагидорони он дар рушди иқтисоди миллӣ ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт сол аз сол бештар мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: