Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 марти соли ҷорӣ дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлатии тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.