То охири соли 2019 дар хиёбони С. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе 25 адад истгоҳҳои замонавии нақлиётии мусофирбар сохта шуда, ҳамчунин 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мегарданд. Дар доираи маблағҳои грантии ҷудонамудаи Ҷумҳурии Мардумии Чин воридоти 464 адад техникаи гуногуни коммуналӣ, инчунин 2 адад нақлиёти махсуси телевизионии сайёр ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади боз ҳам зебову хуррамгардонии ҳудуди минтақаҳои шаҳр дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар 7 гулгашт ва 57 майдончаи варзишӣ оғоз шуда, 9 адад майдончаи варзишӣ ифтитоҳ ва аз ин 1 адад тибқи санади комиссияи давлатӣ қабул гардидааст.
Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки дар 3 соли оянда бунёди иншоот, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ 21 адад барои 18 594 ҷойи нишаст, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ 74 адад, сартарошхона ва кошонаи ҳусн 24 адад, сохтмони биноҳои баландошёна 133 адад ва рангубори биноҳо 2 224 адад пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин то охири соли равон Маҷмааи бисёрҷабҳаи варзишӣ, ки дар рӯ ба рӯи “Боғи ба номи Умари Хайём”-и шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, мавриди истифода қарор мегирад.
Дар шаҳри Душанбе давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки 4 сентябри соли равон ба сохтмони ин меҳмонхонаҳо оғози расмӣ бахшида шавад. Аз 9 меҳмонхонаи бунёдшаванда 5-тои он дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 3-тояш дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 1-тои он дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта мешаванд»,-афзуд М.Зувайдзода.
АМИТ «Ховар»