17 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор шуд, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори конфронс муовини Дабири кулли СММ, Котиби генералии СҲШ, намояндагони САҲА, СААД, вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, муовини Котиби генералии Иттиҳоди Аврупо, коршиносони даҳҳо кишварҳои хориҷ иштирок карданд.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ифтитоҳ кард.
Зимни баромади худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад.
Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.
Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.
Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама барои решакан кардани сабабҳои зуҳуроти терроризм муборизаи муштарак ва ҳадафмандона баранд.
Президенти мамлакат зикр карданд, ки мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба зурурати аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии терроризми байналмилалӣ ҷалб менамоем.
Таъкид гардид, ки маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм мебошанд.
Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар давоми солҳои тӯлонӣ талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст.
Дар охир Сарвари давлат бори дигар таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор мебошад.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков суханронӣ кард. Ӯ ба Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани чорабинӣ изҳори сипос намуда, ба пешсафии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои арзанда дод.
АМИТ «Ховар»