ТВТ. 30.06.2022. 30 июн бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳо марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Мусоҳибон доир ба омодагӣ ба Мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст, идома диҳанд.
Манбаъ: prezident.tj