Наврасони Академияи ФФТ дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми раиси шаҳри Бишкек ду пирӯзӣ ба даст оварданд

Тими наврасони  Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U15) таҳти роҳбарии сармураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Қайсов дар  Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми раиси шаҳри Бишкек оид ба футбол ду вохӯриро бо пирӯзӣ анҷом доданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии аввал тими наврасони Академияи ФФТ  бо ҳисоби 3:0 дастаи наврасони вилояти Ҷӯйи Қирғизистонро шикаст доданд.

Дар вохӯрии дуюм наврасони тоҷик бо ҳисоби калони 6:0 бар дастаи футболи «Велвет»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб омаданд.

Имрӯз, 4 апрел тими наврасони Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо наврасони дастаи мунтахаби то 15-солаи шаҳри Бишкек бозӣ мекунанд.

АМИТ "Ховар"