ТВТ.04.06.2022. 3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива — «Ичан — Қалъа» боздид ба амал оварданд.
Иттиллоъ дода шуд, ки Хива яке аз қадимтарин шаҳрҳои Узбекистон буда, дар тӯли таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад.
Хива яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дошта мешавад.
Дар шаҳри бостонии Хива қисми қадимаи он «Ичан — Қалъа» то замони мо бегазанд боқӣ мондааст.
Ёдгориҳои нодири Хива маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, ки анъанаҳои чандинасраи меъмории Хоразми қадимро ба мерос мондаанд.
12 декабри соли 1990 «Ичан — Қалъа» дар Осиёи Марказӣ ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба Рӯйхати мероси моддии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Дар асри 19 шаҳри Хива ба ду қисм ҷудо шуд: «Ичан-қалъаи Шаҳристон» қисми дарунии шаҳр ва «Дешон-қалъа-работ» шаҳри беруна бо даҳҳо қишлоқҳои атрофи шаҳр.
Деворҳои қалъаи «Ичан-Қалъа» бо мурури замон борҳо вайрон ва аз нав сохта шудааст. Доираи деворҳои қалъа қариб 2200 метр, баландиаш 7-8 метр ва ғафсии таҳкурсӣ 5-6 метрро ташкил медиҳад.
Баъди шиносоӣ бо мавзеъҳои қадимаи шаҳри Хива Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва бостоншиносон барои муаррифии шоистаи шаҳри қадимаи Хива изҳори сипос карда, ба мардуми дӯсти узбек дар роҳи гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ комёбиҳои беназир орзу карданд.
Манбаъ: prezident.tj