Помир — дар қатори 100 макони беҳтарини ҷаҳон барои сайёҳии экологӣ

Баландкӯҳи Помир («Боми ҷаҳон») ба рейтинги ҷаҳонии «100 green destinations» — «100 самти устувори ҷаҳонӣ» (The Sustainable Destinations Top 100) шомил гардид. Дар ин бора муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, рейтинги мазкур 27 сентябр, дар Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар яке аз шаҳрҳои сайёҳии Португалия – Кашкайше интишор шуд.

«Ин чорабинӣ ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ки дорои инфрасохтори сайёҳии пешрафта мебошанд, гузаронида мешавад. Соли равон рейтинги мазкур дар Португалия баргузор шуд, ки дар он 36 кишвар иштирок намуда, дар маҷмӯъ 350 самти сайёҳиро муаррифӣ карданд. Аз ин теъдод танҳо 100 самт тибқи баҳогузории коршиносони байналмилалӣ ба рейтинги «100 самти устувори ҷаҳонӣ» ворид гардид», — зикр кард Ш. Амонзода.

Ба рейтинги мазкур, ба ғайр аз Тоҷикистон ҳамчунин минтақаҳои сайёҳии Аргентина, Канада, Чин, Германия, Мексика, Нигерия, Австрия, Италия, Танзания ва ғайраҳо шомил шуданд.

Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар таъкид намуд, ки Помир аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ бисёр баланд баҳогузорӣ гардид. Ин арзёбии коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳии ҷаҳонӣ ба тамоми Тоҷикистон мусоидат карда, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақа шароити мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки интишори солонаи рейтинги «100 самти устувори ҷаҳонӣ» натиҷаи фаъолити муштараки созмонҳои байналмилалӣ, барномаҳо, коршиносон ва ВАО дар самти мусоидат ба сайёҳии экологӣ, ба монанди  «National Geographic Traveler», «Travel Mole», «Vision for Sustainable Tourism», «Totem Tourism» ва ғайраҳо мебошад.

Бояд зикр кард, ки баландкӯҳи Помири Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки пай дар ҳам ба рейтинги «100 беҳтарин» («Top 100») макони устувор ё сабз барои сайёҳии ҷаҳон шомил мешавад. Дар гузашта дар рейтинги мазкур якбора се макони зеботарини Тоҷикистон: кӯҳҳои Помир, водии Вахон ва дараи Бартанг ҷой гирифтанд.

Бино ба маълумоти ташкилкунандагон, самтҳои сабз ва устувор аз рӯи нишонаҳои табиат ва манзара, муҳити атроф ва иқлим, фарҳанг ва анъана, одамон ва меҳмоннавозӣ, инчунин идоракунии устувори макони таъйинот интихоб карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»