Полиси Миср ду ҳамлаи террористонро пешгирӣ кард

Рӯзи душанбе неруҳои Миср ҳамлаҳои террористонро ба гузаргоҳҳо дар шимоли нимҷазираи Сино пешгирӣ намуда, се ҳамлагари ифротиро нобуд карданд. Дар ин бора шабакаи телевизиони «Sky News Arabia» гузориш дод.

Бино ба гузориши шабакаи телевизионӣ, ифротгароён кӯшиш намудаанд, ки дар як вақт ба ду гузаргоҳи вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Ал-Ариш ҳамла намоянд.

Бино ба маълумоти охир, бузургтарин дар таърихи Миср ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Ар-Роуди нимҷазираи Сино ҷони 309 нафар, аз ҷумла, 27 нафар кӯдак ва пиронсолони зиёдро аз байн бурд. Дар ин ҳамла тақрибан 130 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: