Аъзои хоҷагии «Сомониён»-и ноҳияи Ашт ба иқдоми нек даст заданд

asht.jpgДар Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо иштироки раиси ноҳия Зариф Мирдадо пойгоҳи обкашӣ ба фаъолият оғоз кард.
Зариф Мирдадо ба аъзои хоҷагии деҳқонии «Сомониён», ки дастгоҳи обкашии солҳои зиёд корношоямро барқарор намуданд, миннатдорӣ баён карда, афзуд, ки деҳқонони асилу пуртаҷрибаи ҷамоат мисли пештара истифодаи обу заминро хуб ба роҳ монда, барои рӯёнидани ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ саҳмгузор мегарданд.
Дастгоҳҳои ин пойгоҳи обкашӣ бо харҷи зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ барқарор гардида, беш аз 100 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро бо об таъмин менамоянд. Пойгоҳ  дорои се дастгоҳи обкашӣ буда, ҳар яке ба андозаи то 350 литр дар як сония оби полезиро таъмин менамояд. Хати нави сохташуда дар ин мавзеъ фарогири 750 метр мебошад.
Соли равон  дар ин заминҳо сабзавот, аз қабили пиёз, картошка, мош, лӯбиё, нахӯд ва хӯроки чорво кишт карда мешавад. Дар солҳои минбаъда дар заминҳои мазкур бунёди токзор ва дарахти  хуч дар назар аст.

Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"