Пешвои миллат: «Русия шарики муҳими иқтисодии мост»

Имрӯз ҳамгироии Тоҷикистону Русия бисёрҷониба аст ва амалан тамоми соҳаҳои калидии ҳамкориро-аз сиёсату иқтисодиёт, тиҷорату сармоягузорӣ, маориф, илм ва фарҳанг то мудофиа ва амният фаро мегирад. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон таъкид намуд.
Барои чунин ҳамкорӣ заминаи қарордодию ҳуқуқии устувор таҳия шудааст ва механизмҳои самаранок ташаккул ёфтаанд.
Ҷонибҳо дар тамоми созмонҳои байналмилаливу минтақавие, ки аъзояшон ҳастанд, ҳамкории зич доранд.
«Миёни давлатҳои мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, муколамаи мунтазами сиёсие, ки маҷмӯи масъалаҳои муносиботи Тоҷикистону Русияро дар мадди таваҷҷуҳи доимӣ қарор медиҳад, ба роҳ монда шудааст ва ҷараён дорад»,-илова намуд Пешвои миллат.
Ҳамкории наздики ду кишвар дар соҳаи мудофиа ва амният дар маҷмӯъ омили муҳими нигоҳдории суботи минтақа мебошад.
«Русия шарики муҳими иқтисодии мост ва дар низоми робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон яке аз мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунад.
Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо дар ин соҳа таҷрибаи ғании ҳамкорӣ ҳосил кардаанд»,-зикр намуд Сарвари кишвар.

АМИТ"ХОВАР"