Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор доданд

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, қаблан дар деҳоти Сари Хосор, ки аз минтақаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон ба шумор меравад, ҷавонону наврасон аз надоштани майдончаи муосири обу тоби бадан танқисӣ мекашиданд.

Акнун дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо соҳиби майдончаи муосири варзишӣ гардиданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин дастгоҳу таҷҳизоти дигар низ барои обу тоби бадан насб карда шудааст. Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он на танҳо барои ҷавонону наврасони деҳаи Шайдон, балки барои сокинони деҳаҳои атроф низ имконоти васеи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро фароҳам месозад.

Дар назди майдончаи варзишӣ ҳамчунин барои фароғату истироҳати кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити майдончаи варзишӣ ва суҳбат бо масъулин ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор ин якумин майдончаи варзишии муосир аст, ки дар самти оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба машқу тамрин сохта шудааст. Аз ин иқдоми созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватандӯст варзишгарон ва кӯдакону наврасон изҳори хушнудӣ карданд.

Имконият ва шароити арзандаи фароҳамовардашудаи машқу тамрин варзишгарон, хосса ҷавонону наврасони деҳоти Сари Хосорро водор месозад, ки беш аз пеш ба сайқал додани маҳорати варзишӣ талош варзанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: