Дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи китоби Ҳиндустон оғоз гардид.
Ин иқдом бо ташаббуси Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон сурат гирифт.
Дар намоиши китобҳои ҳиндӣ Сафири Ҳиндустон дар Душанбе Сомнатҳ Гҳош ва дигар кормандони сафорат, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, олимон аз пажӯҳигоҳҳои Академияи илмҳо, устодону шогирдон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар ҳаводорони фарҳангу адаби Ҳинд ширкат намуданд.
Ҳафтаи намоиши китоби Ҳиндустон ба бузургдошти 70 – солагии Истиқлолияти Ҳиндустон ва 25–солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон равона гардида, то 24 августи соли равон идома меёбад.
АМИТ "Ховар"