ТВТ. 11.08.2022. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки сохтмони шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон» моҳи июни соли 2021 оғоз гардида буд ва инак, пас аз 1 сол дар арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуд.
Сохтмони боғи кӯдаконаи “Кайҳон” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Обид Олимов сурат гирифтааст. Арзиши иншоот, ки тарҳи муосиру замонавӣ дорад, 3 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар вақти корҳои сохтмонӣ мутахассисону устоҳои маҳаллӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин буданд.
Ин маркази дилхушии кӯдакона дар масоҳати 0,42 гектар сохта шуда, ба ҳусни шаҳри Конибодом зебогии дигар зам мекунад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон” 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар боғчаи мазкур таҷҳизоти муосир барои бозиҳои бачагона насб карда шуда, пешкаши аҳолии шаҳри Конибодом, хусусан кӯдакон гардонида шуд.
Манбаъ: prezident.tj