Дар ноҳияи Айнӣ 4 узви як оила ҳангоми убур бо заврақи худсохт дар дарёи Искандар ғарқ шуданд

14 август, тахминан соати 09:50, 4 нафар сокинони деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шудаанд. Ин 4 нафар узви як оила мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  заврақи худсохт аз беэҳтиётӣ чаппа шуда, чор узви як хонадон, ки падар 61-сола ва боқимонда аз 33 то 2-сола буданд, ба коми дарё рафтанд.

Баъд аз гирифтани ахбори фаврӣ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва  Дастаи махсуси зудамали  наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: