Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Тибқи лоиҳа бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо харҷи  5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ соли 2019 бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, бино дар муҳлати муайяншуда бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардида буданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор 10 ҳуҷраи корӣ ва 44 ҷойи нишаст дошта, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 100 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла, курсиҳои нав ҷиҳозонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин толор гузаронида шавад.

Бино ҳамчунин дорои китобхона, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасону шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад.

Дар ошёнаи сеюми бинои маъмурӣ меҳмонхонаи хурд дар 3 ҳуҷра таъсис дода шудааст. Бинои навбунёд бо гармидиҳӣ таъмин гардидааст.

Атрофи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор чароғон ва сабзу хуррам гардонида шуда, ба маркази ноҳия зебоии хос зам мекунад.

Бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун, аҳли маорифи ин ноҳияи баландкӯҳ имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму тарбияи хонандагон саҳми муносиб гузоранд.

Ҳоло дар ноҳияи Сангвор 58 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 5 ҳазору 176 нафар хонанда фаъолият дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо иншооти нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Қариб 50 дарсади кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Сангворро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд, ки 11 нафарашон духтарон мебошанд. Дар маҷмуъ давоми солҳои охир 200 нафар духтарони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шудаанд.

Tags: