Дар Панҷакент оид ба таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон конфронси байниминтақавӣ баргузор мегардад

Имрӯз, 19 октябр дар шаҳри Панҷакент конфронси байниминтақавии «Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон» баргузор мегардад. 

Ба иттилои манбаъ, конфронси мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, олимону ҳунармандон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.

Дар назар аст, ки иштирокчиёни конфронс ҳамзамон аз оромгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Маҷмааи фарҳангӣ-эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносӣ боздид карда, дар намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ иштирок намоянд.

АМИТ "Ховар"

Tags: