Моҳи марти соли равон ба шаҳри Душанбе 4 адад троллейбусҳои беноқили истеҳсоли ширкати «Белкоммунмаш»-и Беларус ворид карда мешаванд. Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, оид ба ворид намудани троллейбусҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати болозикр шартнома ба имзо расидааст.
«Дар марҳилаи аввал чор адад чунин троллейбусҳо ба пойтахт ворид карда шуда, дар ҳолати мутобиқ будани он ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе, идомаи харидории он бозбинӣ карда мешавад», — илова намуд номбурда.
Ба иттилои роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе Абдулхайр Алиев, троллейбусҳои ширкати «Белкоммунмаш» тариқи ноқил ва ҳангоми қатъ гардидани қувваи барқ то 15 километр ба воситаи батарея ҳаракат мекунанд. «Арзиши як адад чунин троллейбусҳо наздик ба 250 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад»,- илова намуд А. Алиев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки троллейбусҳои истеҳсолнамудаи ширкати «Белкоммунмаш» дар ҳамаи минтақаҳои Беларус фаъол буда, инчунин ширкат бо Россия, Руминия, Украина, Сербия, Молдова, Қирғизистон, Аргентина, Колумбия ва дигар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ворид намудани чунин нақлиёти замонавӣ ба шаҳри Душанбе- кам кардани танбашавии ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мебошад.
АМИТ «Ховар»