Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд

Пас аз мавриди истифода қарор додани як зумра иншооти нави таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии сокинон, дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии Ваҳдат бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҷумҳуриявию вилоятӣ ва фаъолони вилоят мулоқот анҷом доданд.

Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат тамоми соҳаҳо ва паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоятро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам суръат бахшидан ба тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд.

Тавре Роҳбари давлат изҳор доштанд, новобаста ба он ки дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат чораҳои фаврӣ ва саривақтӣ андешида шуданд, вале хуруҷи ин беморӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд низ таъсири манфӣ расонид.

«Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии КОВИД-19 ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи иқдомоти Ҳукумати мамлакат мебошад, ки ба дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ нигаронида шуда аст. Ин тадбири муҳим аз ҷониби аҳолӣ, роҳбарону кормандони корхонаҳо ва соҳибкорон бо хушнудӣ пазируфта шуд ва татбиқи он натиҷаҳои самарабахш ба бор оварда, ба зудӣ пеши роҳи паҳншавии босуръати ин бемории хавфнок гирифта шуд», — таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Вобаста ба нақшаҳои бунёдкорие, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тарҳрезӣ гардидаанд, масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки назорати босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда татбиқ гардидани лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ҷоннок намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба таъсири бемории коронавирус ба иқтисоди миллӣ ҷалби бештари сармояи мустақими дохилию хориҷӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолоту содирот ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ зарур шуморида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масъалаи рушди соҳаи саноати вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки дар панҷ моҳи соли 2020 дар ҳудуди вилоят 29 корхона бо 370 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла 10 корхона доир ба истеҳсоли хӯрокворӣ, 5 корхонаи дӯзандагӣ, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон таъсис дода шудааст. Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии мамлакат ҳиссаи вилояти Суғдро ба 51 фоиз ва суръати рушди онро то 18 фоиз мерасонад, вале дар муқоиса бо имконияту захираҳои мавҷуда, ин нишондиҳандаҳо ночиз мебошанд.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, бо чунин нишондиҳандаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мушкил мегардад. Дар ин росто зарур дониста шуд, ки барои таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масъалаи истифодаи оқилонаи замин ва ба ин васила таҳкими амнияти озуқавории мамлакат дахл карда, таъкид доштанд, ки дар шароити паҳншавии бемории КОВИД-19 ва маҳдуд шудани содироти маводи ғизоӣ, аз ҷумла гандум аз ҷониби як қатор кишварҳои шарики мо, андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ муҳим буда, дар ин самт ҳамаи имкониятҳо бояд самаранок истифода шавад.

Дар робита ба ин, роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гардиданд, ки вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, гузаронидани кишти тақрорӣ, ташкили гармхонаҳо ва боз ҳам баланд бардоштани маданияти истифодаи замин корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ бештар намоянд.

Вобаста ба вазъи соҳаи тандурустии вилоят, аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо дар 5 моҳи сипаришудаи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 123 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст ва дар соли 2021 ифтитоҳи боз 60 иншооти тандурустӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар вилоят 1114 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 1073 муассисаи давлатии тиббӣ ва 41 муассисаи хусусӣ фаъолият дорад. Ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳамин тавр омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои тандурустии вилоят ба ҳолатҳои фавқулода, ба мисли хуруҷи дигарбораи бемориҳои гуногуни сироятӣ, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ ва ташхису табобати бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ зарур шуморида шуд.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир ба ҳалли ин масъалаҳо тадбирҳои фаврӣ андешад.

«Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти нави тандурустӣ, таҷдиду таҷҳизонидани муассисаҳои тиббии таъмирталаб ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Илова бар ин, масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулон ва фаъолони вилояти Суғд, масъалаҳои вобаста ба иҷрои қонунгузорӣ оид ба молия ва буҷети давлатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, санҷишҳои прокурорӣ оид ба тақсимоти замин, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят низ мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи вилояту шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дастур доданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, бахусус, омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, махсусан муассисаҳои таълимӣ, инчунин, бо дарназардошти вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани мушкилиҳо дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ дар ҳар як оила барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ ва риояи анҷоми сарфаю сариштакорӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешанд.

Дар интиҳои суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, хусусан дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсиву иқтисодии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми неруи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи дастоварди муқаддастарини халқамон-истиқлолу озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди бемайлони Ватани азизамон равона созанд.

Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба дастоварду комёбиҳои мардуми вилоят, инчунин камбудию норасогии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоят маълумот дод. Аз ҷумла гуфта шуд, ки бо мақсади зиёд кардани ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, Ситоди вилоятӣ таъсис дода шуда, тасмим аст, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳамин ҳисоб дар қаламрави вилоят боз 300 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ, асосан дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ сохта шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоятро вазифадор карданд, ки ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ, дар ҳар як шаҳру ноҳия то ҷашни 30-солагӣ бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ ва ҳамин тавр омодагии ҷиддии муассисаҳои тандурустии вилоят ба хуруҷи эҳтимолии мавҷи дуюми бемории КОВИД-19-ро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамин тариқ роҳбарони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҳолати кунунии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони шаҳру ноҳияҳоро ба суръат бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, аз ҷумла дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани кишти такрории замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ҳидоят намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони вилоят даъват ба амал оварданд, ки меҳнати садоқатмандона намуда, барои дар сатҳи шоиста истиқбол намудани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти бештар дошта бошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: