Тавре қаблан хабар дода будем, дар пайи боришоти 8 январи соли равон дар километри 225-уми роҳи мошингарди Душанбе—Кӯлоб—Хоруғ, дар мавзеи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин резиши санг ба амал омад. Бар асари ин офати табиӣ ҳаракат дар ин шоҳроҳ муваққатан қатъ гардид.
Дар ин бора сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Аноятшоев хабар дода, зикр кард, ки муддати ду рӯз ҳаракат дар ин шоҳроҳ бинобар сангрезӣ қатъ шуда, мошинҳову мусофирони зиёде дар ду самт ҷамъ шуда буданд.
«Айни замон намояндагони сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, муовинони Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ дар макони офати табиӣ қарор дошта, тамоми техникаи мавҷуда баҳри тоза намудан ва кушодани роҳ сафарбар карда шудаанд»,- афзуд Аловуддин Аноятшоев.
Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки пас аз тоза кардани қисмати роҳ ба мошинҳои дар ду самт ҷамъшуда иҷозати ҳаракат дода шуд ва айни ҳол корҳои бартарафсозии оқибати ин ҳодисаи табиӣ идома доранд.
Хотиррасон менамоем, ки дар натиҷаи сангрезӣ ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе мошини тамғаи «Старекс» бо се мусофир зери сангреза монда, дар натиҷа ронанда, сокини ноҳияи Рӯшон Манучеҳр Раҳматуллоев дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардид. Се нафар мусофири мошинро наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохили мошин берун оварданд.
Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ, мусофирон дарҳол ба Бемористони марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин интиқол дода шуданд.
Айни замон зарардидагон дар ин бемористон қарор дошта, вазъи саломатиашон муътадил аст.
АМИТ "Ховар"